Для размышляющих

"Албатта дар осмонҳову замин нишонаҳои ибратест барои мӯъминон! Ва дар офариниши шумо ва пароканда шудани ҷунбандагон ибратҳост барои аҳли яқин (имон). Омадушуди шабу рӯз ва ризқе, ки Худо аз осмон мефиристад ва замини мурдаро ба он зинда мекунад ва низ дар вазиши бодҳо ибратҳост барои оқилон."
(Қуръон 45:3-5)

ДМТД, Облоқулов Фаридун


Саргузашти ман






Шарҳи ҳол

Бали миёнаи баҳоям ҳини таҳсил 5,0 аст. Зинаи бакалаври Донишгоҳи миллии техникии Донетскро бо ихтисоси муҳандиси системаҳои телекоммуникатсионӣ ва шабакавӣ хатм намудам. Шумо мефаҳмед, ки дипломи бакалаври ман дар кадом сатҳ аст. Забони модариам тоҷикист, инчунин забонҳои форсӣ ва русиро хуб медонам, забони англисиро дар сатҳи зарурӣ омўхтаам ва аз асосҳои забони арабӣ воқифам. Дар бахши системаҳои фаъолияти Windows, маҷмўи барномаҳои System View (Vue), Algorithm Builder, Microwave Office, Packet Tracer, Adobe Photoshop, Pinnacle Studio ва забонҳои барномасозии Pascal, Borland C++, Ns-2 ва HTML/CSS малакаи корӣ дорам.


Кўдакӣ

"Кўдакон на гузашта доранду на оянда, аммо нисбат ба мо калонсолон, муваффақанд, ки аз замони ҳозираашон баҳра мебаранд. " (Лабрюйер Жон)

12 июни соли 1988 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудам. Солҳои кўдакиям дар ибтидо аз кўдакони дигар тафовут надошт: кўдакистон, орзуи тезтар калон шудан, «автомобил»-и сечархаи педалдор, интизории бесабронаи фасли тобистону айнаки модаркалон ва монанди ин. Ҳамин хел давом дошт замони тифлиам то давраи пошхўрии шўравӣ.
Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон кўдакистон аз фаъолият бозмонд, сафарҳои тобистона ба назди модаркалону ба кўча баромадан ғайриимкон буд. Дигар бозӣ ҳам карда наматавонистем, чунки ҳар рўз садои тиру тўпро мешунидем ва оташакҳои тири автомат тиззосзанон аз рўи тирезаи хонаамон мегузашт. Мо кўдакон аз хавфи расидани тир, бо супориши модарам тамоми рўз дар хонаи хоб, ки тирезааш ба тарафи балкон кушода мешуд, менишастем. Он солҳо волидонам то бевақтии шаб кор карда ба хона дер меомаданд, бинобар он ба ману хоҳарчаам хоҳари калониам нигоҳубин мекард. Агарчи ў ба сол аз ман андаке калонтар буд, вазифаи дар наздаш истода, ману хоҳарчаи хурдиамро хеле хуб нигоҳубин мекард. Ва нисбат ба ҳамсолонам бо дугонаҳои дўстии бештаре доштам.
Дертар хоҳарам барои таҳсил дар синфи як ба мактаб рафт. Ва масъулияти нигоҳубини хоҳарчаи хурдиям ба дўши ман афтид. Дар хотир дорам боре ба ў тарзи дурусти рўбучини хонаро омўзонидам (медидам, ки хоҳари калониам хонаро чи гуна тоза мекунад), агарчи худ ин корро ягон бор иљро накарда будам.


Айёми наврасӣ

Ман 6-сола шудам. Аксари ҳамсолонам ба мактаб рафтанд ва ман ҳам бисёр мехостам, ки хонам. Волидонам аввал гуфтанд, ки ҳанўз хурдам ва барои таҳсил дар мактаб омода нестам. Мактаб ин кўдакистон нест. Бо якравию пофишорӣ оқибат ман ғалаба кардам, вале хоҳиши «хондан»-и ман дер давом накард. Сабаб он буд, ки рўзи аввали таҳсил дар мактаб баъди сўҳбат бо муаллима, фаҳмидам ки дар сурати саркашиамон, ў ба мо ҷазо медиҳад. Қарор додам, ки дигар ҳеҷ гоҳ ба мактаб намеоям. Ва саркашиям бо ҳамин анҷомид, ки ман боз ба кўдакистон баргаштам.
Аз байн як сол гузашт ва ман 7-сола шудам. Волидонам ба ман фаҳмониданд, ки бояд ба мактаб равам. Намедонистам, ки чи кор кунам. Онҳо таъкид намуданд, ки агар ба мактаб наравам, маро ба хонаи кўдакон месупоранд. Хонаи кўдаконро мутлақо намехостам.
Ин дафъа бахтам омад кард. Муаллимаи ман як зани бисёр хуб буд. Ҳафтаи аввали таҳсил маро сардори синф интихоб кард, барои он ки ман китоб хонда метавонистам. Хондани китобро соли охири дар кўдакистон буданам омўхтам. Онро ба ман хоҳари калониям ва як духтарчаи қирғиз аз кўдакистон омўзонида буданд.
Солҳо мегузаштанд ва дар омўзиши фанҳо гоҳе муваффақ будаму гоҳ на. То замоне ки дар Душанбе гимназияи русии «Ҳотам и ПВ» соли 2003 ба фаъолият шурўъ намуд. Бо мақсади ҷуброни мавзўъҳои хуб наомўхтаам ба ин даргоҳ омадам ва он ба ман ёрӣ расонд. Нигоштаҳоямро мехоҳам бо изҳори сипос ба директори гимназия Абдуфаттоҳ Ҳотамов ва ҳамаи омўзгороне, ки барои маълумотнокии ман саҳм гузоштаанд, мехоҳам ба анҷом расонам.


Ҷавонӣ

Вақти қабул ба донишгоҳ расид. Бо маслиҳати падарам, хоҳарам ва тағоям касбамро интихоб намудам. Ва ба Украина барои хондан омадам. Дар қиёс аз рўзи нахустини ба мактаб рафтанам рўзи аввали худро дар донишгоҳ беҳтар ёд дорам. Як эҳсосе мамлўъ аз омезиши навгониву ифтихору ҳаяҷон маро фаро гирифта буд. Ҳолати аҷибе буд он рўз маро, вале андаке ваҳмангез. Бинои таълимии мўҳташаму роҳравҳои васеи рўшан, дарсҳо тўлонию ауидиторияҳо барҳаво, муаллимони нав ва ҳамкурсони ношинос... Бо ин ҳама ошно гаштаму зуд унс гирифтам.
Чаҳор соли аввал ҳамин хел сипарӣ шуд. Лексияҳои беохир, шабҳои бехоби, даводавӣ аз паси омўзгорон дар рўзҳои охири пеш аз имтиҳонот ва ҳаёти хуши донишҷўӣ. Ҳангоми интихоби роҳбари илмӣ ман ба Александр Григоревич Воронсов муроҷиат кардам. "Ин шахсест, ки кори худро хуб мелонад, принсипнок ва серталаб аст. Аз ў воқеан ҳам бисёр чизро меомўзӣ" мегўянд дар борааш донишҷўён. Маҳз бо ҳамин сабаб роҳбари илмиамро интихоб намудам. Бо роҳбарии ў мавзўи кори магистриро таҳти унвони «Методҳои таҳқиқотӣ ва такмили чен кардани ҷиттери синхронизатсияи сигналҳои тачхизоти терминалии шабакахои рақамии системаи телекоммуникатсионӣ» таҳия намудам.


Нақшаҳои ояндаам

Аввал хостам кори илмӣ ва дипломиамро анҷом диҳам. Баъд ба аёдати хешовандон равам (ин ҳам кори осон не) онҳоро пазмон шудам. Сипас донишамро ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам амалӣ такмил диҳам. Нақшаҳои минбаъда сипас аён мегардад.