Кори дипломӣ





Мундариҷа




    Муқаддима ва далеловарӣ


    Гузариш ба методҳои интиқолӣ ва иртиботии рақамӣ ғайр аз афзалиятҳояш мутобиқи технологияҳои нави алоқа, мушкили зиёдеро ба миён овард, ки он хоси принсипи интиқоли сигналҳо дар шакли рақамист. Яке аз онҳо проблемаи синхронизатсия аст.
    Дар байни параметрҳое, ки сигналҳои синхроникиро муайян мекунанд, ҷиттер (ларзишҳои фазавӣ)-ро дучор омадан мумкин аст ва он дар байни қисмҳои пайвандшудаи занҷирҳо вақти таваққуфи сигналҳоро тағйир медиҳад. Дар системаи интиқолии рақамӣ ҷиттер ҳамеша ширкат дорад, аммо дар ҳолати зиёд шудани қимати муайян ҷиттер бо расонидани таъсир ба сифати интиқоли маълумот шурўъ менамояд. Бинобар ин барои инкишофи системаҳои интиқолӣ бо якчанд қитъаҳои навсозӣ ва системаҳои алоқаи бисёрфосилавии бесим коркарди дастгоҳи ченкунӣ ва заифгардонии ҷиттер бисёр муҳим аст.



    Навоварии илмӣ

    Методикаи нави баҳисобгирии таъсир ба саҳви ченкунии ҷиттер ва схемаҳои худбезарядгардии ғунҷоиши ченкунӣ пешниҳод шуд. Методикаи ченкунӣ мукаммал гардонда шуд.


    Ба нақша гирифтани натиҷаҳои амалии кори мазкур – сохтани тарҳи воситаҳои рақамии ченак, методҳои татбиқшаванда мувофиқи сохтори таҳияшуда.


    Мақсад ва вазифаҳо

    Максади кори мазкур вусъат додани соҳаи истифодаи ченкунии ҷиттер дар амалияи танзими дастғоҳҳо ва истифодаи шабакаҳои рақамии телекоммуникатсионӣ аз ҳисоби мукаммалсозии методҳои воситаҳои ченкунист.

    Барои расидан ба ин ҳадаф ҳалли як сислсила масъалаҳои асосии дигарро зарур донистем:

    • Иҷрои таҳлили муқоисавии методҳои мавҷуда ва воситаҳои ченкунии ҷиттер дар телекоммуникатсия
    • Асоснок гардонидани талабот барои чен кардани ҷиттери сигналҳои баромади синхрогенератори шабакаи рақамӣ, ки дар асоси ФАПЧ татбиқ шудааст.
    • Муоинаи имкониятҳои истифодаи амалии меътодҳои маъруфи ченкунии ҷиттер мутобиқи синхрогенераторҳои интиқолдиҳанда;
    • Муайян намудани арзиши иқтидори имконияти методҳо дар асоси нишондодҳои дақиқ ва роҳҳои дастрасии онҳо


    Тафсири таҳқиқотҳо дар соҳаи мазкур



    Дар сатҳи донишгоҳӣ

    Дар Донишгоҳи миллии техникии Донетск корҳои пажўҳишӣ оид ба ин ва мавзўъҳои дигари вобаста ба ченкунии ҷиттер бо ёрии ФАПЧ таҳти роҳбарии профессор Александр Григоревич Воронсов сурат мегирад.
    Ҷустуҷўйи сайти магистрҳои ДМТДон нишон дод, ки оид ба ин мавзўъ се кори магистрӣ мавҷуд аст:

    1. «Таҳқиқ ва коркарди воситаҳои техникии корҳои лабораторӣ оид ба омўзиши сифат ва хусусияти системаи ФАПЧ дар курси назарияи алоқаи электрикӣ» Ракитина Анастасия Юревна. 2. «Таҳқиқ ва коркарди методҳои муайян сохтани баҳодиҳии сигналҳои спектралӣ дар ҳалли масъалаҳои системаи телекоммуникатсионӣ» Хмелов Олег Владимирович.
    3. «Таҳқиқи робитаи мутақобила дар хати кабелҳо ҳамчун сабабгори пайдоиши ҷиттер дар системаи интиқоли рақамӣ» Либатской Олга Николаевна.


    Дар сатҳи миллӣ

    Ҳалли масъалаҳои вобаста ба ченакҳои ҷиттерӣ дар Украина айни замон , мутаассифона мушоҳида намешавад. Солҳои Шўравӣ таҳқиқи ин мавзўъ хуб ба роҳ монда шуда буд. Масалан, ин масъала дар китоби А. П. Горшков «Дастгоҳҳо барои ченаки басомад ва вақт»[3]баррасӣ шудааст.


    Дар сатҳи ҷаҳонӣ

    Ин ҷо оид ба ченаки ҷиттер дар системаи телекоммуникатсионӣ як қатор ҳуҷҷату мақолаҳоро ёдовар шудан мумкин аст. Таҳқиқи соҳаи мазкур дар ИМА ва Чин босамар аст. Чунончи, кори магистрии донишҷўи Донишгоҳи Тайван Сан Хуэй Ву [6], ба мавзўи чекунии ҷиттер дар системаи ФАПЧ бахшида шудааст.



    Боби асосӣ


    Таҳлили мавзўи таҳқиқот

    Ҳангоми интиқоли сигнал аз манбаъ то қабулкунак ҳамеша сигнал дучори нуқс мегардад. Ин нуқс бар асари таъсири ғалоғулаҳои) гуногун ба сигнал ба амал меояд. Ғалоғула ба мисли ҳама гуна энергияи электрикии номатлуб вориди фазои холимондаи шабакаи алоқа мегардад. Сигнали рақамии идеалӣ мумкин аст дар шакли трапетсия бо болоравии охирини муваққатӣ (аз 0 ба 1) ва камшавии (аз 1 ба 0) пешниҳод шавад. Бо мавҷудияти мамониат сигнал ҳамчун суммаи сигналу ғалоғула, шакли идеалии худро гум мекунад, тавре ки дар расми 1 нишон дода шудааст.

    Таъсири ғалоғула ба сигнал

    Расми 1. Таъсири ғалоғула ба сигнал
    (Расм: Ҳаҷм - 10 КБ; андоза - 450х199; вақт байни кадри якум ва охирин - 1000 мс; рақами такроршавӣ - такроршаванда)

    Тавре ки ба чашм мерасад , сигнал дар ду ҷанба вайрон шудааст: тамоили сигнал аз рўи фаза ва амплитуда . Вайрон шудани сигнал аз рўи амплитуда вайроншавии амплитудӣ(ва ё ғалоғула) номида мешавад ва тамоили сигнал аз рўи фаза ларзиши фазавӣ (ё ҷиттер) ном дорад.
    Дар таҷриба густариши ду нуқтаи назари асосиро дар муайян намудани ҷиттер - дар мафҳуми фаза ва басомад (1) ҳосил намудем. Ҳар ду нуқтаи назар ҳаммаъноянд. Ҳоло бузургии ҷиттер дар сигнали даврӣ бо се роҳи асосӣ баҳо дода мешавад.(2):
    Ҷиттери давраи – Jee. Бигузор набзи оҳанг дар ҳудуди дараҷаи Tee(n), гузарад, ки n индекси давраи мазкур ва T0 давраи набзи синхронӣ, он гоҳ бузургии математикии ҷиттерро ин тавр навиштан мумкин аст (расми 2):



    Ҷиттери давраи – Jee

    Расми 2. Ҷиттери давраи – Jee

    Ҷиттери даврагӣ – JCC, ҳамчун фарқият оид ба вақти байни ду давраҳои ба ҳам наздик муайян карда мешавад расми 3.



    Ҷиттери даврӣ – Jcc

    Расми 3. Ҷиттери даврӣ – Jcc

    Ҷиттери дарозмўҳлат – Jk (расми 4) Ба тарзи математикӣ чунин ифода мешавад:



    k ҷиттери даврии   – Jk

    Расми 4. k ҷиттери даврии – Jk

    Методҳои ченкунии ҷиттерро дар боби минбаъдаи автореферат муфассалтар арзёбӣ мекунем.

    Шарҳи таҳлилии методҳои мавҷуда ва воситаҳои ченаки ҷиттер дар телекомуникатсия

    Тарзҳои гуногуни мушоҳида ва ченкунии таъсиррасонӣ ба асбоби ҷиттер мавҷуд аст, ки ҳар яке қобилияти муайян кардани пайдоиши онро доранд. Тарзи аз ҳама осон ва фаҳмо, ин баҳогузории ҷиттер аз рўи диаграммаи чашмакӣ(3) мебошад. Намуди диаграммаи чашмакӣ дар бораи сигнали ҷиттер маълумоти зиёд медиҳад (расми5), инчунин, дар бораи параметрҳои дигари он низ. Масалан, бисёр фронтҳои алоҳида ва таназзулҳо дар бораи эҳтимолияти мавҷудияти ҷиттер маълумот медиҳанд. Барои диаграммаи чашмакӣ сигнали нақди махсуси тестӣ зарур нест, агарчи зимни хоҳиш сигналҳои ченкунандаи генератори набзиро истифода бурдан мумкин аст. Онро ҳангоми таҳқиқоти маълумотҳои тасодуфӣ ва дурўғи тасодуфӣ, ки барои ченкунии диапазонӣ босамар истифода бурдан мумкин аст.

    Диаграммаи чашмакӣ

    Расми 5. Диаграммаи чашмакӣ

    Тарзи дигари баҳогузории ҷиттер истифодаи методи ҳисоби фосиладор (МДС) (4) аст.

    Моҳияти МДС иборат аз он аст, ки амплитудаи ҷиттере, ки бояд чен карда шавад, ба набзи синхронӣ пур мешавад, басомад бояд то ҳадди ақал баландтар аз сигнали ченшаванда бошад. Агар ин миқдори набзи синхрониро ба назар гирем, бузургии ҷиттерро бо осонӣ муайян кардан мумкин аст.
    Нақшаи сохтори ченкунаки пешниҳодгаштаи ҷиттер дар расми 8 тасвир шудааст. Дар нақша ду дастгоҳи тартиб додашудаи ФУ1 ва ФУ2, дастгоҳи идоракунандаи УУ, ду селектори муваққатии ВС, генратори ҳисобкунандаи набзи ГСчИ ва таҳлилгари маълумотҳо АД бо индикатсияи рақамӣ ЦИ тасвир шудааст. Дар даромади дастгоҳи сохташуда ду шиддати u1 ва и2 ворид мешавад, ки дар натиҷаи он лағзиши фазавӣ ба вуҷуд меояд, онро чен кардан лозим аст. Вақте ки шиддати и1 ба воситаи 0 аз ҳолати манфӣ ба ҳолати мусбат мегузарад, дар баромади дастгоҳи якуми сохташуда нахустин набзи ба дастгоҳи идоракунанда таъсир расонанда падид меояд ва он селектори якуми муваққатиро мекушояд. Вакте ки шиддати и2 низ ҳамин тариқ ба воситаи 0 мегузарад, дар баромади дастгоҳи дуюми сохташуда охирин набз пайдо мешавад, ки он ба воситаи дастгоҳи идоракунанда селектори якумро маҳкам мекунад. Ҳамин тариқ, селектори якуми муваққатӣ дар ҷараёни фосилаи вақти баробар ба ченаки бузургии ҷиттер як бор дар давраи шиддати таҳқиқшудаистода дар ҳолати боз қарор дорад. Ин фосила бо набзҳои ҳисобии аз генератори ГСчИ воридшаванда пур мешавад, ки баьдтар онҳо дар давоми фосилаи муайяни вақт бо ёрии таҳлилгари маълумот ҳисоб шуда, киммати миёна мегиранд. Натиҷаи киммати миёнаи ҷиттер дар таблои рақамӣ дода мешавад.

    Нақшаи сохтории ченкунаки  ҷиттер

    Расми 8. Нақшаи сохтории ченкунаки ҷиттер

    Диаграммаи шарҳи кори шиддатҳо дар расми 9 нишон дода шудааст.

    Диаграммаи  шиддатҳо

    Расми 9. Диаграммаи шиддатҳо

    Методи ҳисоби фосиладор ҳангоми ченкунии ҷиттери басомади ниҳоят баланд самарбахш нест. Ин вобаста аст ба душвории татбиқи ГСчИ. Ҳадди ақал имконпазир аст, то низоми басомади ГСчИ аз басомади сигнали ченкунанда баландтар бошад.
    Ва боз як методе, ки барои чен кардани ҷиттер истифода мешавад, ба истифодаи тағйирёбандаи вақти шиддат асоснок гардонда шудааст. Нақшаи сохтори он дар расми 10 инъикос ёфтааст. Бояд зикр намуд, ки натиҷаи ченкунии он ҷиттери миёна аст.

    Нақшаи ченкунак

    Расми 10. Нақшаи ченкунак

    Дар кашиши заряднок сигнали такягоҳии Sref ва сигнали баромади D-триггер Vcmp бо калидҳои S1 ва S2 назорат карда мешаванд, дар ҳамин вақт набз - ҷиттер дар баромади XOR, ва сигнал дар баромади ҷойивазшудаи D-тригер Vncmp бо калидҳои S3 ва S4 бо навбат назорат карда мешаванд. Баромади кашишҳои зарядӣ ба даромади манфии дастгоҳи муқоисавии аналогӣ. Манбаи шиддати Vcent, ки ба даромади мусбати ҳамон дастгоҳи муқоисавии аналогӣ пайваст аст, шиддати марказии гистеризро медиҳад. Бузургии ченаки манбаи шиддат Vbase ба сатҳи минималии шиддати ин дастгоҳи муқоисавӣ мувофиқ аст.
    Ҳамин тариқ ҷараёни ченкунии раванди заряднокӣ ва безарядӣ маҳз дар ҳамин нуқтаи шиддат оғоз ва анҷом меёбад. Вақте ки раванди ченкунӣ оғоз меёбад, дар ҳолати ибтидоӣ VIIN камтар аз Vcent аст, ва мувофиқ дар баромадҳои дастгоҳи мазкур VCP ва D-триггер «1»-и мантиқӣ насб мешавад. Бинобар ин сигнал дар баромади D-триггер калиди S2-ро васл мегардонад. Инчунин дар нимдавраи аввали мусбат сигнали такягоҳи Sref калиди S1–ро васл мегардонад. Ва он гоҳ раванди заряднокии кондесатори ҷараён Ic шурўъ мешавад.
    Ҳамин ки шиддат дар даромади манфии компаратор шиддати ҳадди максималӣ VIH=2Vcent+Vbase, - ро ноил мегардад, VCP ба 0-и мантиқӣ табдил меёбад.
    Ҳини воридоти навбатии фронти пеши Sref , сигнали баромади D триггер ба "1"-и мантиқӣ насб мешавад ва баромади инверсионӣ ба "0". Ҳамин тариқ S2 гусехта, ва раванди заряднокии конденсатор қать мегардад.
    Бузургии манбаи ҷараён Ic ва ғунҷоиши конденсатор С-ро, зарур аст ба ҳамин тарз интихоб намоем, то ин ки раванди заряднокшавӣ баробари як давраи Sref давом кунад. Баъди он ки чун Vncmp ба “1” -и мантиқӣ баробар мешавад, раванди безарядгардии конденсатор оғоз меёбад ва ҳамзамон дар ҷараёни ин раванд, теъдоди ҳисобшавии набзҳо Sref фаъол мегарданд. Вакте ки дар баромади детектори фазаи басомадӣ набз –ҷиттер падид меояд, калиди S3 васл мешавад ва ҷараён Id ба безарядгардонии конденсатор С шурўъ мекунад ва он гоҳ шиддат дар баромади компаратори аналоговӣ то VIL паст мешавад, баъди он Vncmp ба “1”- и мантиқӣ табдил меёбад ва калиди S4 гусехта мегардад, яъне раванди безарядгардонӣ хотима меёбад. Дар ин вақт миқдори набзҳои Nc, ки бо воситаи ҳисобкунаки бинарӣ муайян шудааст, ба берун бароварда мешавад. Сипас маълумоти ҳосилшударо кор карда, бузургии ҷиттери дарозмўҳлати сигнали баромади ГУН-ро муайян кардан мумкин аст. Дар расми 11 диаграммаҳои муваққатии кори ченкунак оварда шудааст.

    Диаграммаҳои муваққатӣ

    Расми 11. Диаграммаҳои муваққатӣ

    Кори математикии ченкунакро бо ҳамин тарз муайян кардан мумкин аст. Ҳини пуррасозии коэффитсент, сигнали Sref баробар ба 50%, давомнокии давраи мусбат Tref/2 -ро ташкил медиҳад. Дар раванди заряднокӣ, дар нимдавраи аввал, шиддат дар конденсатор бо формулаи зерин муайян карда мешавад:


    Дар раванди безарядгардӣ


    Азбаски дар раванди ченкунӣ ин ду шиддати дар боло зикршуда ба ҳамдигар баробаранд, бинобар ин аз баробарии онҳо ҳосил мекунем:


    Аз ин ҷо


    Бо ҳамин тарз, қимати миёнаи амплитуда чунин аст


    Яке аз бартариҳои ин метод он аст, ки заряднокшавӣ ва безарядгардонии ҳамон як конденсатор , мо аз истифодаи ногузири конденсатори фавқулдақиқ раҳо ёфтем, ки тамоман татбиқнашаванда аст. Ҳамчунин ин гуна муносибат самарбахш мебошад, азбаски вай аз раванди хастакунандаи мувофиқгардонии конденсатор сарфи назар мекунад. Ғайр аз ин, метод ба синронизатсия эҳтиёҷ надорад. Бо вуҷуди ин метод баъзе камбудиҳо дорад:
    • Ихроҷ ҳангоми насби ҷараёнҳои Ic ва Id
    • Ихроҷ дар конденсатор, ки вобаста ба худбезарядгардии конденсатор аст
    • Таъхири даровардани детектори фазавӣ- басомадии ФАПЧ
    • Душвор будани интихоби ҳисобкунак
    Дар боби минбаьда мо баҳодиҳии сифати параметрҳои ҳар як методро мебинем. Инчунин имкони мукаммалсозии методҳоро.


    Баҳодиҳии параметрҳои сифати методҳо. Такмилдиҳии методҳо

    1. Методи ҳисоби фосилавӣ

    Ченкнии хатогӣ бо формулаи зерин ифода мегардад:


    Барои b≥1/2 мантиқан навиштан мумкин аст


    Тавре маълум аст, аз (12) ва (13) ченкунии дақиқ ба басомади ГСчИ вобаста аст, яъне ҳар қадаре ки ин басомад зиёд аст, ҳисоб ҳамон қадар дақиқтар мегардад.
    Ҳангоми ҳисоби ҷиттери сигналҳои СВЧ ин метод бефоида аст. Ин ба мушкилии татбиқи баландбасомади ГСчИ вобаста аст. Ин мушкилотро бо роҳи истифодаи тақсимкунандаҳои басомад дар даромади ченкунак ва ё дар баромади манбаъ, ки дар ҷиттер ҳисоб карда мешавад, ҳал кардан имконпазир аст. Масалан барои ҳисоби сигналҳои баромади ҷиттер ФАПЧ, дар (6) тарҳи системаи ФАПЧ нишон дода шудааст, ки дар баромадаш тақсимкунакҳои махсус дорад, ки сигнали ҳисобро аз басомади баланд ба басомади паст мегузаронад (расми 13), бо мақсади содагардонии нақшаи ҷиттер.

    Тарҳи ФАПЧ бо тақсимкунакҳояш дар баромад

    Расми 13. Тарҳи ФАПЧ бо тақсимкунакҳояш дар баромад


    2. Методи табдили фосилаи вақт ба шиддат дар қиёс аз методи ҳисоби фосилавӣ барои ҳисоби ҷиттери сигналҳои баландбасомад самарбахштар аст.
    Дар боби гузашта камбудиҳои асосии ин метод зикр шуда буд. Таъсири ин камбудиҳоро дар хатогиҳои ҳисоб баррасӣ менамоем.

    1. Хатогиҳои ҳисоби вобаста ба ихроҷ ҳангоми насби ҷараёнҳои Ic ва Id
    Тавре маълум мешавад, аз (10) ҳама гуна ихроҷ дар вақти насби ҷараёнҳои Ic и Id ба хатогии ҳисоби ҷиттер таъсир мерасонад. Агар ҷараёни Ic и Id аз ибтидо бо хатогиҳо ∆Ic и ∆Id насб шуда бошад, он гоҳ |∆I|< I. Он гоҳ (10) –ро бо формулаи зерин ифода менамоем:


    Он вақт хатогии мутлақ ба воситаи формулаи зерин муайян карда мешавад:


    Зикр мекунем, ки хатогиҳо ҳангоми ҳисоб аз қимати мутлақи ҷараёнҳои Ic и Id вобаста набуда, балки ба муносибати ҷараёнҳои Ic/Id вобаста аст, ки бартарии методи ҳисоби мазкурро ифода мекунад.


    2. Хатогии ҳисоби вобаста ба камбудии детектори фазавии басомад ФАПЧ.
    Камбудии детектори фазавӣ, ин мавҷудияти минтақаи мурда (dead zone) дар он аст, яъне ин иштибоҳи фазавист, ки онро детектори фазавӣ муайян карда наметавонад. Айни замон минтақаи мурдаи детекторҳои фазавии босифат 15 пс(7)-ро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр ҷиттере, ки амплитудааш аз 15 пс хурд аст, ҳисоб кардани он бо ин тарз ғайриимкон аст.


    3. Хатогиҳои ҳисоби вобаста ба ихроҷ дар конденсатор.
    Дар асл конденсатор қобилияти доштани шиддатро дар ҷараёни вақт надорад. Ба андозае дар он зарядҳои ҷамъшуда коҳиш меёбанд. Яъне раванди безарядгардӣ мушоҳида мешавад. Худзаряднокии конденсатор тибқи қонуни зерин муайян мегардад.


    Он вақт мутобиқи (7) дараҷаи конденсатор шакли зеринро мегирад:


    Азбаски амплитудаи ҷиттер аз давраи сигнали такягоҳӣ Tref, хеле хурд аст, гуфтан мумкин аст, ки Tzi - Tz(i-1) = Tref/2. Акнун муодилаи (8)-ро нисбати (19) ҳал карда, ҳисобҳои иловагиро оварда, дар охир қимати зеринро ҳосил мекунем:


    ки

    Он гоҳ хатогии мутлақ аз рўи формулаи (15) баробар аст:


    Тавре ки аз формулаи охир маълум мешавад, ҳар қадаре ки сифати конденсатор баланд бошад, ҳамон қадар хатогии ҳисобҳо кам мешавад.


    4. Хатогии ҳисобҳои вобаста ба дараҷанокии ҳисобкунакҳо
    Муносибати Id/Ic -ро афзуда, Nc- ро кам кардан мумкин аст, ки аз як ҷиҳат ба камшавии муддати ченкунӣ ва аз тарафи дигар ба бартарафсозии бадшавии қобилияти дастгоҳ оварда мерасонад,. Бинобар ин интихоби он гуна муносибати ҷараён зарур аст, ки хатогиҳо кам бошад.
    Бигузор бузургии муносибати ҷараёнҳо Id/Ic k1 баробар зиёд гирифта шавад, он гоҳ Nc, ба nc1 воҳид хурд мешавад. Он гоҳ ифодаи зерин ҳосил мешавад:


    ва мувофиқан вақте, ки Id/Ic- k2 баробар хурд аст ва Nc+nc2 баробар калон :


    Барои ҳар як ҳолат хатогии мутлақро меёбем, ки он баробар аст:


    ва


    Хулоса


    Дар рафти иҷрои кор якчанд методҳои асосии ченкунии ҷиттер баррасӣ гардид бо нишон додани бартарӣ ва камбудиҳои ҳар яке аз ин методҳо. Инчунин тавсияҳо оид ба мукаммалсозии методҳо дода шуданд.
    Кори оянда таҳлили аналитикии хатогиҳои ченкунии методҳоро пешниҳод менамояд. Инчунин иҷрои тарҳрезии воситаҳои ченакҳои рақамӣ, методҳои татбиқшаванда мутобиқи коркарди сохтор ва коркарди тавсияҳо оид ба офаридани ҷиттери ченкунӣ , метод ва методикаи ченкунӣ.



    Адабиёт


    1. Бакланов И.Г. Технологии измерений в современной телекоммуникации. – м.: Эко-Трендз, 1998. – 264 с.

    2. Mike Peng Li. Jitter, Noise, and Signal Integrity at Hight Speed. – Prentice Hall – 2008. – 368 pg.

    3. Либацкая О. Н. Исследование взаимосвязей в кабельных линиях как причин возникновения джиттера в цифровых системах передачи. – Автореферат магистра ДонНТУ.
    http://masters.donntu.ru/2005/kita/libatskaya/diss/index.htm

    4. Горшков А. П. Апаратура для частотных и временных измерений. – М: Советское радио -1971. – 336 с.

    5. Tian Xia, Jien-Chung Lo. Time-to-voltage converter for on-chip jitter measurement. – IEEE Transactions on instrumentation and measurement – 2001. – 11 pg.

    6. Tsan-Huei Wu. Low-cost jitter measurement technique for phase-locked loop – Thesis for master science, 2004, 90 pg.


    7. Dean Banerjee. PLL Perfomanse, Simulation, and Design, Fourth Edition, 2006. – 339 pg.


    8. Wolfgang Maichen. Digital Timing Measurement. – Netherlands: Springer, 2006. – 250 pg.


    9. John A. McNeill, David Ricketts. The Designer Guide to Jitter in Ring Oscillators. – USA: Springer, 2009. – 292 pg.

    10. Mhd Zaher Al Sabbagh, B.S. 0.18μm phase / frequency detector and charge pump design for digital video broadcasting for handheld’s phase-locked-loop systems . – Thesis – 2007, 44 pg.
    http://etd.ohiolink.edu/send-pdf.cgi/Al%20Sabbagh%20Mhd%20Zaher.pdf?osu1196281141


Эзоҳ - Ҳангоми таълифи автореферат квалификатсияи кори магистр ҳанўз ба анҷом нарасидааст. Санаи охири анҷоми кор: 20 декабри соли 2010. Матни пурраи кор ва мавод оид ба мавзўи корро аз муаллиф ва ё аз роҳбари илмии ў баъд аз санаи нишондодашуда гирифтан мумкин аст.